(+992 37) 221-44-05 | info@minjust.tj

Муҳидинов Зафаршо Воҳидович - Cардори Раёсати кадрҳо ва корҳои махсуси Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон

Муҳидинов Зафаршо Воҳидович – 15 августи соли 1963 дар ноҳияи Дустии вилояти Хатлон, дар оилаи коргар таваллуд шудааст.

Маълумот олӣ, соли 1989 факултаи ҳуқуқшиносии Донишгоҳи давлатии миллии Тоҷикистонро хатм кардааст.

Фаъолияти меҳнатиашро аз соли 1989 дар мақомоти адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз намуда, дар вазифаҳои гуногуни кадри роҳбарикунанда то ҳол фаъолият намуда истодааст.

Аз соли 1998 то 1999 бо Фармоиши Вазири адлияи ҶТ ба ҳайси мушовир ва мутахассиси пешбари шуъбаи оид ба таъминоти фаъолияти ташкилии судҳои Раёсати судҳои Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз соли 1999 то 2000 ба ҳайси Сардори шуъбаи бақайдгирии шартномаҳои гаравии Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз соли 2000 то 2001 ба ҳайси Сардори шуъбаи пешбурди Феҳрасти амволи ба гарав мондашудаи Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз соли 2001 то 2009 ба ҳайси Сардори Раёсат оид ба сабти давлатии шартномаҳои гарави Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз соли 2009 то 2016 ба ҳайси Сардори Раёсати ёрии ҳуқуқӣ ба шаҳрвандон ва кори ҳуқуқии Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон. Аз июни соли 2016 то инҷониб ба ҳайси Сардори Раёсати кадрҳо ва корҳои махсуси Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият намуда истодааст.

Дар тули фаъолияти меҳнатиаш бинобар натиҷаи хубу нишондодҳои беҳтарин бо рутбаи дараҷавии «Мушовири давлатии адлияи дараҷаи 3», медали ҷашнии «90 солагии адлия»- и Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ифтихорномаҳои Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон сарфароз гардонида шудааст.

Оиладор мебошад.

 

© 2017 | Вазорати Адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон
Суроға: Ҷумҳурии Тоҷикистон 734025, ш. Душанбе, хиёбони Рудакӣ 25
Тел: (+992 37) 221-44-05 (қабулгоҳ)
Факс: (+992 37) 221-80-66