(+992 37) 221-44-05 | info@minjust.tj

Имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ ...

Имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон як қатор кадрҳоеро, ки дар мақомоти Суди ...

 Дар соли 2017 ба Вазорати адлияи Ҷумҳурии   Тоҷикистон  ва сохторҳои он 95 484 (соли 2016 - 74   253) мавод вобаста ...

Шиносоӣ бо рафти корҳои сохтмонӣ дар Масҷиди марказии ҷомеъи шаҳри Душанбе
Шиносоӣ бо рафти корҳои сохтмонӣ дар Масҷиди марказии ҷомеъи шаҳри Душанбе
Таъиноти кадрӣ
Таъиноти кадрӣ
Варақаи иттилоотӣ дар бораи фаъолияти Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2017
Варақаи иттилоотӣ дар бораи фаъолияти Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2017
 

Хабарҳо

Шиносоӣ бо рафти корҳои сохтмонӣ дар Масҷиди марказии ҷомеъи шаҳри Душанбе

Имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ рафти корҳои сохтмонӣ дар Масҷиди марказии ҷомеъи шаҳри Душанбе шинос шуданд.

Дар асоси лоиҳа, ки бо назардошти унсурҳои бостонию муосири санъати меъмории тоҷикӣ ва ҷаҳонӣ омода шудааст, масҷид аз 4 манораи баландиаш 75 метра ва 24 гумбази хурду калон иборат хоҳад буд.

Ин масҷиди бузург дар майдони 12 гектар замин ҷойгир шуда, аз биною мавзеъҳои намозхонӣ, китобхона, осорхона, толорҳои маҷлисӣ ва қабули меҳмонон барои мулоқоту гуфтушунидҳо иборат хоҳад буд. Масоҳати зери бинои масҷид бошад, 3 гектарро ташкил медиҳад.

Айни ҳол дар ин иншооти бузург беш аз 350 нафар коргарон фаъолият доранд.  Корҳои сохтмону васлгарӣ аз ҷониби ширкатҳои ватанӣ - пудратчии асосӣ Ҷамъияти Саҳҳомии Кушодаи “СТС - Иншоот” ва Ҷамъияти Саҳҳомии Кушодаи “Сомон таҷҳизот” анҷом ёфта, дар давраи бунёди масҷид беш аз 700 нафар бинокори маҳаллӣ бо кор ва маоши хуб таъмин шуданд.

Зимни шиносоӣ бо рафти корҳои сохтмонӣ Сарвари давлат таваҷҷуҳи бинокоронро бештар ба иҷрои босифати корҳои сабзу хуррамгардонӣ ва вусъати корҳои ободонию кабудизоркунии атроф ва ҳудуди Масҷиди марказии ҷомеъи шаҳри Душанбе ҷалб намуданд. Дар ин ҷо бо супориши Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон беш аз 1000 адад дарахтони зебои гулкунандаи ороишию нодир, инчунин гулу буттаҳои хушбуй шинонида мешавад, ки ба ин мавзеъ ҳусн мебахшад ва ҳам ба саломатии одамон фоидаовар аст.

Атрофи масҷид бо манораҳои боҳашамат, сутунҳои зебои мунаққашу мусаввар ва бисёр унсурҳои дигари фарҳангӣ оро дода мешавад.

Бо маслиҳатҳои мушаххас ва завқи баланди зебоипарастии Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар лоиҳаи сохтмони ин иншооти бузург аксаран тарзу усулҳои меъмории бостонии тоҷикӣ, нақшу нигори деворҳо, гумбазҳо, сутунҳо ва тамоми ороишоти дохилу атрофи масҷид ба эътибор гирифта шудааст. Ин на танҳо як масҷид, балки як маркази бузурги фарҳангу таърихи исломӣ хоҳад буд ва толорҳои он тавре бунёд меёбанд, ки дар онҳо тамоми намуди чорабиниҳои илмию фарҳангӣ, семинару конфронс ва ҳамоишҳои сатҳу зинаҳои гуногун гузаронда мешаванд.

Ба андешаи Президенти мамлакат иншоот, ки бо тарҳи худ дар Осиёи Марказӣ нодир мебошад, бояд садсолаҳо ба насли оянда хизмат расонад.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баъди шиносоии пурра бо рафти корҳо бори дигар ба мутахассисон барои вусъати корҳои сохтмону ороишии босифати бино ва ба талаботи меъёрҳои ҷаҳонӣ мутобиқ кардани он дастуру ҳидоятҳои мушаххас доданд.

Таъиноти кадрӣ

Имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон як қатор кадрҳоеро, ки дар мақомоти Суди конститутсионӣ, Суди Олӣ, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳои вилоятҳои Хатлону Суғд, вазоратҳои мудофиа, маориф ва илм, Хадамоти гумрук, Кумитаҳои сохтмон ва меъморӣ, ҳифзи муҳити зист ва Агентии авиатсияи гражданӣ ба вазифаҳои масъулу роҳбарикунанда таъин ва пешниҳод гардиданд, ба ҳузур пазируфтанд.

Мутобиқи банди 8 моддаи 69 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳоди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон “дар бораи аз вазифаи судяи Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бозхонд ва ба вазифаи судяи Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб намудани Абдураҳимзода Дилором Рустам", "дар бораи ба вазифаи судяи Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб намудани Ализода Набӣ Искандар ва Абдулҳақов Маҳмадалӣ”, дар асоси банди 2 моддаи 56 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон “дар бораи аз вазифаи судяи Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон бозхонд намудани Исматзода Раҳмат бинобар сабаби вафоташ” ба Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ирсол гардиданд.

Бо Фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Қудратзода Саидҷон бо сабаби вафоташ аз вазифаи раиси суди ноҳияи Файзобод ва Табаров Хайрулло аз вазифаи раиси суди ҳарбии гарнизони Хоруғ бо сабаби расидан ба синни ниҳоии дар вазифаи судя будан озод карда шуданд.

Мутобиқи моддаи 11 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон" пешниҳоди Президенти мамлакат дар бораи Раиси палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин намудани Чиллазода Қарахон ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ирсол карда шуд.

Саидзода Бобоҷон Абдуқодир бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз вазифаи Фармондеҳи Қӯшунҳои хушкигарди Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон озод гардида, бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба вазифаи муовини Вазири мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон таьин карда шуд.

Бо Фармонҳои Президенти мамлакат Раисони шаҳрҳои Исфара, Бӯстон ва ноҳияи Зафарободи вилояти Суғд, шаҳри Турсунзода, ноҳияи Мир Саид Алии Ҳамадонии вилояти Хатлон аз ҳисоби кадрҳои кордону соҳибтаҷриба таьин гардиданд. Зиёзода Сулаймон Ризоӣ, ки то ин вақт дар вазифаи Раиси ноҳияи Зафарободи вилояти Суғд кор мекард, минбаъд дар вазифаи муовини якуми Раиси вилояти Хатлон адои вазифа менамояд.

Бо Қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Турсунзода Азим Ҳайдар муовини якум, Шерализода Хуршед ва Ҳурматзода Иззатулло муовинони Сардори Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таьин шуданд.

Субҳонзода Икром Субҳон Директори Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Набизода Азиз муовини директори Агентии мазкур таьин гардиданд.

Ҳамчунин, бо Қарорҳои ҳукумати мамлакат Сатторӣ Баҳром Бобоқул Директори иҷроияи Гурӯҳи татбиқи Лоиҳаи таҷдид ва идомаи сохтмони мактабҳои миёна таъин шуда, Айхон Шарифова аз вазифаи муовини Раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зист ва Окимбекова Зӯҳро аз вазифаи муовини Раиси Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо сабаби ба нафақа баромаданашон озод карда шуданд. Раҳматуллозода Шаҳноз- муовини Раиси кумитаи меъморӣ ва сохтмон ва Назарзода Заррина муовини Раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таьин гардиданд.

Зимни сӯҳбат Пешвои миллат аз ҳар як хизматчии давлатӣ, ки собиқаи корӣ ва малакаи зарурии роҳбариро соҳиб гаштаанд, садоқат ба халқу Ватан ва дасту дили пок ба дӯш гирифтани заҳмати шабонарӯзӣ барои пешрафти кишвари азизро талаб намуда, баҳри иҷрои рисолати сарварӣ дар асоси боварии мардум ва Сарвари давлат барору комёбӣ орзу намуданд. Дар ҷавоб ба эътимод ва ғамхориҳои Пешвои миллат онҳое, ки масъулияти баланди роҳбариро дар зинаҳои гуногуни ҳокимият ба ӯҳда гирифтанд, изҳор доштанд, ки дар оянда барои рафъи мушкилоту камбудиҳои ҷойдошта дар соҳаҳои худ тамоми кӯшишу ғайрат ва таҷибаву малакаи андӯхтаашонро дареғ намедоранд.

Варақаи иттилоотӣ дар бораи фаъолияти Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2017

 Дар соли 2017 ба Вазорати адлияи Ҷумҳурии   Тоҷикистон  ва сохторҳои он 95 484 (соли 2016 - 74   253) мавод вобаста ба масъалаҳои ҳуқуқӣ ворид   гардид.

    Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти   фаъолияти ҳуқуқэҷодкунӣ дар ин давра ба 4 003   (соли 2016 - 3 862) лоиҳаҳои санадҳои меъёрии   ҳуқуқӣ ва 3 937 (соли 2016 - 2 727) ҳуҷҷатҳои   хусусиятҳои ҳуқуқии байналмилалӣ дошта, хулосаи   ҳуқуқӣ пешниҳод намуд.

 

Муфассал...

© 2017 | Вазорати Адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон
Суроға: Ҷумҳурии Тоҷикистон 734025, ш. Душанбе, хиёбони Рудакӣ 25
Тел: (+992 37) 221-44-05 (қабулгоҳ)
Факс: (+992 37) 221-80-66