(+992 37) 221-44-05 | info@minjust.tj

Маҷаллаи Феҳристи ягонаи давлатии санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Маҷаллаи мазкур бо мақсади татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ”, Фармони Раёсати Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 5 августи соли 1994, таҳти №310 «Дар бораи таъсиси Реестри давлатии санадҳои ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон», қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 20 январи соли 1997, таҳти №52 «Дар бораи Феҳристи давлатии асноди ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон», аз 1 августи соли 2006, таҳти №359 «Дар бораи Таснифи ягонаи умумиҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Махзани мутамаркази иттилооти ҳуқуқӣ» ва аз 31 октябри соли 2009, №608 «Дар бораи тасдиқи Тартиби баҳисобгирӣ ва бақайдгирии давлатии санадҳои меъёрии ҳукуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон» нашр карда мешавад.

Матни санадҳои меъёрии ҳуқуқии дар Феҳристи ягонаи давлатии санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон дарҷгардида хусусияти расмӣ дорад. Даврияти маҷалла дар як моҳ 1 шумораро ташкил медиҳад.

Самти афзалиятноки маҷалла расонидани маълумоти фаврӣ ба доираи васеъи табақаҳои ҷамъият оиди санадҳои меъёрии ҳуқуқии қабулшуда дар Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, имконияти ба онҳо дастрас будани маълумоти ҳуқуқии боэътимодро таъмин менамояд.

Дар давраи солҳои 2010-2013 48 шумораҳои Маҷаллаи расмии «Феҳристи ягонаи давлатии санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз нашр баромаданд, ки дар онҳо аз ҷумла 120 санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Тоҷикистон, 459 қонунҳои конститутсионӣ, қонунҳо ва кодексҳо, 890 қарорҳои якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарорҳои Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, 82 фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, 821 қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 188 фармоишҳо ва қарорҳои вазоратҳо, кумитаҳои давлатӣ ва дигар мақомоти давлатӣ ба табъ расонида шуданд.

Маҷалла ҳар моҳ бо шумораи 178 адад ба вазоратҳо, кумитаҳои давлатӣ, дигар мақомоти давлатӣ ва мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, ройгон ирсол карда мешавад.

Барои обунаи иловагӣ ба маҷалла, шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ метавонанд ба КВД “Почтаи тоҷик” ё ин ки ба КВДН “Қонуният”-и Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон муроҷиат намоянд.

Шакли электронии мундариҷаи маҷалаи
Феҳристи ягонаи давлатии санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон
солҳои 2011-2014

 

Соли 2011

Соли 2012

Соли 2013

Соли 2014

№ 1- 2  2011

№ 1- 2  2012

№ 1- 2  2013

№ 1- 2  2014

№ 3 2011

№ 3 2012

№ 3 2013

№ 3 2014

№ 4 2011

№ 4 2012

№ 4 2013

№ 4 2014

№ 5 2011

№ 5 2012

№ 5 2013

№ 5 2014

№ 6 2011

№ 6 2012

№ 6 2013

№ 6 2014

№ 7 2011

№ 7 2012

№ 7 2013

№ 7 20141

№ 8 2011

№ 8 2012

№ 8 201

№ 8 2014

№ 9 2011

№ 9 2012

№ 9 2013

№ 9 2014

№ 10 2011

№ 10 2012

№ 10 2013

№ 10 2014

№ 11 2011

№ 11 2012

№ 11 2013

№ 11 2014

№12 2011

№12 2012

№12 2013

№12 2014

 

 

 

 

 

 

© 2017 | Вазорати Адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон
Суроға: Ҷумҳурии Тоҷикистон 734025, ш. Душанбе, хиёбони Рудакӣ 25
Тел: (+992 37) 221-44-05 (қабулгоҳ)
Факс: (+992 37) 221-80-66