(+992 37) 221-44-05 | info@minjust.tj

Шоҳмурод Рустам - Вазири адлия

Шоҳмурод Рустам 3 майи соли 1965 дар шаҳри Конибодоми вилояти Суғд таваллуд шудааст.

Маълумоташ олӣ, соли 1989 факултети ҳуқуқшиносии Донишгоҳи давлатии Тоҷикистонро хатм кардааст. Номзади илми ҳуқуқ.

Фаъолияти меҳнатиашро соли 1989 ба сифати ёрдамчии прокурори шаҳри Ваҳдат оғоз намуда, сипас дар вазифаҳои прокурори шуъбаи назорати баррасии парвандаҳои шаҳрвандӣ дар судҳои Прокуратураи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ёрдамчии прокурори шаҳри Ваҳдат, прокурори Раёсати назорати умумии Прокуратураи Ҷумҳурии Тоҷикистон кор кардааст.

Аз соли 1993 дар Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вазифаҳои Сардори шуъбаи корҳои ҳуқуқӣ дар хоҷагии халқ, Сардори Раёсати қонунгузорӣ ва солҳои 1999-2009 муовин ва сипас Муовини якуми Вазири адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият намудааст.

Муфассал...

Холиқзода Абдуманон Ғаффор - муовини якуми Вазири адлия

Аз ноябри соли 2012 дар мансаби муовини якуми Вазири адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон кор мекунад.

Соли таваллуд 21 августи соли 1961

Ҷои таваллуд шаҳри Курғонтеппа

Миллат тоҷик

Таҳсилот олӣ

Соли 1985 Донишгоҳи Давлатии Миллии Тоҷикистон-ро (рӯзона) хатм кардааст.

Ихтисос ҳуқуқшинос

Бо ордени «Шараф» дараҷаи 2-юм соли 2011 бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26.07.2011 таҳти №1092, сарфароз гардонида шудааст.

Оиладор, соҳиби шаш фарзанд.

Муфассал...

Мирсайзод Ҳаким Саид - муовини Вазири адлия

Аз ноябри соли 2012 дар мансаби муовини Вазири адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон кор мекунад.

Соли таваллуд 1 январи соли 1958

Ҷои таваллуд ноҳияи Восеъ

Миллат тоҷик

Таҳсилот олӣ

Соли 1984 Донишгоҳи Давлатии Миллии Тоҷикистонро хатм кардааст.

Ихтисос ҳуқуқшинос

Номзади илмҳои ҳуқуқ, моҳи марти соли 2015 рисолаи номзадиро бо мавзӯъи «МУШКИЛОТИ МУНОСИБАТҲОИ ПАДАРУ МОДАР ВА ФАРЗАНДОН ДАР ҲУҚУҚИ БАЙНАЛХАЛҚИИ ХУСУСӢ» дар назди Комиссияи олии тахассусии Федератсияи Россия ҳимоя намудааст.

Муфассал...

Нодирӣ Шаҳноза Анвар - муовини Вазири адлия

Аз ноябри соли 2009 дар мансаби муовини Вазири адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон кор мекунад.

Соли таваллуд 16 июни соли 1973

Ҷои таваллуд шаҳри Душанбе

Миллат тоҷик

Таҳсилот олӣ

Соли 1995 Донишгоҳи Давлатии Миллии Тоҷикистон-ро (рӯзона) хатм кардааст.

Ихтисос ҳуқуқшинос. Номзади илми ҳуқуқшиносӣ

Бо медали ҷашни «20» солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26.07.2011 таҳти №1092, сарфароз гардонида шудааст.

Оиладор, соҳиби ду фарзанд.

Муфассал...

Низомӣ Мақсуд Асомиддин - Сардори Сарраёсати Қонунгузории Вазорати Адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон

Низомӣ Мақсуд Асомиддин – мушовири адлияи дараҷаи 1, соли таваллудаш: 22 апрели 1984, миллаташ тоҷик, маълумоташ олии ҳуқуқшиносӣ. Дар Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 марти соли 2007 фаъолият менамояд. То моҳи январи соли 2011 дар вазифаҳои мутахассиси пешбар ва сармутахассиси Раёсати пешбурди феҳристи давлатии санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва тадвини Маҷмўи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон (ҳоло Раёсати баҳисобгирӣ ва бақайдгирии давлатии санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ) фаъолият намудааст.

Аз моҳи январи соли 2011 иҷрокунандаи вазифаи Сардори Раёсат ва аз моҳи феврали соли 2013 Сардори Раёсати баҳисобгирӣ ва бақайдгирии давлатии санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ мебошад. Аз моҳи апрели соли 2016, Сардори Сарраёсати Қонунгузорӣ мебошад.

Оиладор, соҳиби се фарзанд.

© 2017 | Вазорати Адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон
Суроға: Ҷумҳурии Тоҷикистон 734025, ш. Душанбе, хиёбони Рудакӣ 25
Тел: (+992 37) 221-44-05 (қабулгоҳ)
Факс: (+992 37) 221-80-66