(+992 37) 221-44-05 | info@minjust.tj

Соҳибназарова Лутфия Қамаридиновна - Мудири Бахши бақайдгирии давлатии уҳдадориҳои гаравӣ

Соҳибназарова Лутфия Қамаридиновна – санаи 21 октябри соли 1977 дар ҷамоати Роҳатии ноҳияи Рўдакӣ дар оилаи зиёӣ ба дунё омадааст.

Маълумот олӣ, соли 2000 факултаи ҳуқуқшиносии Донишгоҳи давлатии миллии Тоҷикистонро хатм кардааст.

Фаъолияти меҳнатиашро аз 23 августи соли 2002 ба сифати мушовири калони шуъбаи Феҳрасти амволи ба гарав мондашудаи Раёсати бақайдгирии шартномаҳои гарави Вазорати адлияи ҶТ оғоз намудааст. Бо Фармоиши Вазири адлияи ҶТ аз 08 ноябри соли 2016 Мудири бахши бақайдгирии давлатии уҳдадориҳои гаравии Вазорати адлия таъин карда шуда то ҳол фаъолият менамояд. Дорои рутбаи дараҷавии «Мушовири адлияи дараҷаи 3» мебошад. Бо мукофотҳои соҳавии медали ҷашнии «90 – солагии адлияи Тоҷикистон» сарфароз гардонида шудааст.

Оиладор, соҳиби 3 фарзанд аст.

© 2017 | Вазорати Адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон
Суроға: Ҷумҳурии Тоҷикистон 734025, ш. Душанбе, хиёбони Рудакӣ 25
Тел: (+992 37) 221-44-05 (қабулгоҳ)
Факс: (+992 37) 221-80-66