(+992 37) 221-44-05 | info@minjust.tj

Шоҳмурод Рустам 3 майи соли 1965 дар шаҳри Конибодоми вилояти Суғд таваллуд шудааст.

Маълумоташ олӣ, соли 1989 факултети ҳуқуқшиносии Донишгоҳи давлатии Тоҷикистонро хатм кардааст. Номзади илми ҳуқуқ.

Фаъолияти меҳнатиашро соли 1989 ба сифати ёрдамчии прокурори шаҳри Ваҳдат оғоз намуда, сипас дар вазифаҳои прокурори шуъбаи назорати баррасии парвандаҳои шаҳрвандӣ дар судҳои Прокуратураи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ёрдамчии прокурори шаҳри Ваҳдат, прокурори Раёсати назорати умумии Прокуратураи Ҷумҳурии Тоҷикистон кор кардааст.

Аз соли 1993 дар Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вазифаҳои Сардори шуъбаи корҳои ҳуқуқӣ дар хоҷагии халқ, Сардори Раёсати қонунгузорӣ ва солҳои 1999-2009 муовин ва сипас Муовини якуми Вазири адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият намудааст.

Солҳои 2009-2012 Муовини якуми Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва аз моҳи январи соли 2012 дар вазифаи Вазири адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон кор кардааст.

Муаллифи як қатор асарҳои илмӣ буда, дорои рутбаи тахассуси Мушовири давлатии адлияи дараҷаи 2 мебошад.

Бо Ифтихорномаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ордени Шараф дараҷаи II, медали ҷашнии «20-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» сарфароз гардидааст.

Оиладор, соҳиби 3 фарзанд.

Бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 21 ноябри соли 2013 Вазири адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин гардид.

© 2017 | Вазорати Адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон
Суроға: Ҷумҳурии Тоҷикистон 734025, ш. Душанбе, хиёбони Рудакӣ 25
Тел: (+992 37) 221-44-05 (қабулгоҳ)
Факс: (+992 37) 221-80-66