(+992 37) 221-44-05 | info@minjust.tj

Мирсайзод Ҳаким Саид - муовини Вазири адлия

Аз ноябри соли 2012 дар мансаби муовини Вазири адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон кор мекунад.

Соли таваллуд 1 январи соли 1958

Ҷои таваллуд ноҳияи Восеъ

Миллат тоҷик

Таҳсилот олӣ

Соли 1984 Донишгоҳи Давлатии Миллии Тоҷикистонро хатм кардааст.

Ихтисос ҳуқуқшинос

Номзади илмҳои ҳуқуқ, моҳи марти соли 2015 рисолаи номзадиро бо мавзӯъи «МУШКИЛОТИ МУНОСИБАТҲОИ ПАДАРУ МОДАР ВА ФАРЗАНДОН ДАР ҲУҚУҚИ БАЙНАЛХАЛҚИИ ХУСУСӢ» дар назди Комиссияи олии тахассусии Федератсияи Россия ҳимоя намудааст.

Аз соли 1997 то инҷониб дар баробари кори асосӣ ба фаъолияти омӯзгорӣ низ машғул буда, солҳои 1997-2001 муаллим, баъдан муаллими калонӣ Донишгоҳи давлатии Қурғонтеппа ва солҳои 2001-2006 муаллими Университети гуманитарии Россия-Тоҷикистон шуда кор кардааст. Айни замон устоди Донишкадаи такмили ихтисоси кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, мақомоти адлия ва хадамоти ҳуқуқии корхонаҳо, муассисаҳо ва ташкилотҳои Вазорати адлияи Чумҳурии Тоҷикистон низ мебошад.

Муаллифи зиёда аз 20 адад мақолаҳои илмӣ-ҳуқуқӣ дар соҳаи ҳуқуқи гражданӣ (шаҳрвандӣ), ҳукукӣ байналхалқии хусусӣ ва ҳуқуқи оилавӣ буда, асарҳояш бо номҳои «Истеҳсолоти иҷро дар Чумҳурии Тоҷикистон», «Ташкили истеҳсолоти иҷро дар низоми   Вазорати адлияи Чумҳурии Тоҷикистон» (Дар ҳаммуаллифи бо Раҳмонзода У.Н.) ва «Проблемы взаимоотношений родителей и детей в межденародном частном праве» ба нашр расидаанд.

Кор ва фаъолияти собиқа:

Солҳои 1975-1976 - Колхозчии колхози «Комунизм» ноҳияи Восеъ

Солҳои 1976-1978 - Хизмат дар Кувваҳои мусаллаҳи ИРСС Ҷумҳурии Олмон

Солҳои 1978-1980 - Колхозчии колхози «Комунизм» ноҳияи Восеъ

Солҳои 1980-1983 - Котиби комитети комсомоли колхози «Комунизм» ноҳияи Восеъ

Солҳои 1983-1988 - Иструктор, мудири қисм, мудири шӯъбаи Комунисти комсомоли вилояти Кулоб

Солҳои 1988-1990 - Иструктори Комитети ҳизби комунисти шаҳри Кулоб

Солҳои 1990-1993 - Мутахассиси пешбар, оид ба корҳои ҳуқуқи Комисарияати Шурои вакилони халқи вилояти Кулоб

Солҳои 1993-1996 - Мутахассиси пешбар Сармутахассиси Муовини мудири шуъбаи маъмурию ҳуқуқи дастгоҳи Раиси вилояти Хатлон

Солҳои 1996-1999 - Мутахассиси пешбар Сармутахассиси Идораи адлияи вилояти Хатлон

Солҳои 1999-2000 - Ҳуқуқшиноси Идораи хоҷагии комунали вилояти Хатлон

Солхои 2000-2001 - Мудири Шӯъбаи ташкили ва кор бо кадрҳои дастгоҳи раиси вилояти Хатлон

Солҳои 2001-2006 - Сардори Идораи ҳифзи иҷтимоии аҳолии вилояти Хатлон

Солҳои 2006-2007 - Роҳбари дастгоҳи раиси вилояти Хатлон

Солҳои 2006-2008 - Мудири Шӯъбаи ташкили Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Солҳои 2008-2012 - Мудири Шӯъбаи назорати Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Аз ноябри соли 2012  -  Муовини Вазири адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Бо Фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо медали ҷашнии «20 солагии Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон» сарфароз гардони шуда, дорои рутбаи тахассусии «Мушовири давлатии дараҷаи 3» мебошад.

© 2017 | Вазорати Адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон
Суроға: Ҷумҳурии Тоҷикистон 734025, ш. Душанбе, хиёбони Рудакӣ 25
Тел: (+992 37) 221-44-05 (қабулгоҳ)
Факс: (+992 37) 221-80-66