(+992 37) 221-44-05 | info@minjust.tj

Соҳибназарова Лутфия Қамаридиновна - Мудири Бахши бақайдгирии давлатии уҳдадориҳои гаравӣ

Соҳибназарова Лутфия Қамаридиновна – санаи 21 октябри соли 1977 дар ҷамоати Роҳатии ноҳияи Рўдакӣ дар оилаи зиёӣ ба дунё омадааст.

Маълумот олӣ, соли 2000 факултаи ҳуқуқшиносии Донишгоҳи давлатии миллии Тоҷикистонро хатм кардааст.

Фаъолияти меҳнатиашро аз 23 августи соли 2002 ба сифати мушовири калони шуъбаи Феҳрасти амволи ба гарав мондашудаи Раёсати бақайдгирии шартномаҳои гарави Вазорати адлияи ҶТ оғоз намудааст. Бо Фармоиши Вазири адлияи ҶТ аз 08 ноябри соли 2016 Мудири бахши бақайдгирии давлатии уҳдадориҳои гаравии Вазорати адлия таъин карда шуда то ҳол фаъолият менамояд. Дорои рутбаи дараҷавии «Мушовири адлияи дараҷаи 3» мебошад. Бо мукофотҳои соҳавии медали ҷашнии «90 – солагии адлияи Тоҷикистон» сарфароз гардонида шудааст.

Оиладор, соҳиби 3 фарзанд аст.

Одиназода Бегиҷон Ҷаҳондоршо - Сардори Раёсати ёрии ҳуқуқӣ ба шаҳрвандон ва кори ҳуқуқӣ

Одиназода Бегиҷон Ҷаҳондоршо – санаи 28 августи соли 1962 дар ноҳияи Муъминободи вилояти Хатлон, дар оилаи деҳқон ба дунё омадааст.

Маълумот олӣ, соли 2002 факултаи ҳуқуқшиносии Донишгоҳи давлатии миллии Тоҷикистонро хатм кардааст.

Фаъолияти меҳнатиашро аз соли 1991 дар мақомоти адлия фаъолияти меҳнатиашро оғоз намудааст.

Солҳои 1991 то 1993 ҳамчун котиби маҷлиси судии суди ноҳияи Ленинград, солҳои 1993 то 1999 иҷрочии суди ноҳияи Муъминободи вилояти Хатлон, солҳои 1999 то 2009 Муовини Сардори Раёсати адлияи вилояти Хатлон, солҳои 2009 то 2016 Сардори Раёсати адлияи вилояти Хатлон ҳамчунин бо Фармоиши вазири адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз моҳи июни соли 2016 то инҷониб ба ҳайси Сардори Раёсати ёрии ҳуқуқӣ ба шаҳрвандон ва кори ҳуқуқии Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият намуда истодааст.

Бинобар натиҷаи хуби фаъолияти меҳнатӣ дорои рутбаи дараҷавии «Мушовири давлатии адлияи дараҷаи 3» ва мукофоти давлатии Ордени «Шараф»-и дараҷаи 2 ва медали «Хизмати шоиста» мукофотонида шудааст.

Оиладор, соҳиби 5 фарзанд мебошад.

© 2017 | Вазорати Адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон
Суроға: Ҷумҳурии Тоҷикистон 734025, ш. Душанбе, хиёбони Рудакӣ 25
Тел: (+992 37) 221-44-05 (қабулгоҳ)
Факс: (+992 37) 221-80-66