(+992 37) 221-44-05 | info@minjust.tj

Муҳидинов Зафаршо Воҳидович - Cардори Раёсати кадрҳо ва корҳои махсуси Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон

Муҳидинов Зафаршо Воҳидович – 15 августи соли 1963 дар ноҳияи Дустии вилояти Хатлон, дар оилаи коргар таваллуд шудааст.

Маълумот олӣ, соли 1989 факултаи ҳуқуқшиносии Донишгоҳи давлатии миллии Тоҷикистонро хатм кардааст.

Фаъолияти меҳнатиашро аз соли 1989 дар мақомоти адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз намуда, дар вазифаҳои гуногуни кадри роҳбарикунанда то ҳол фаъолият намуда истодааст.

Аз соли 1998 то 1999 бо Фармоиши Вазири адлияи ҶТ ба ҳайси мушовир ва мутахассиси пешбари шуъбаи оид ба таъминоти фаъолияти ташкилии судҳои Раёсати судҳои Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз соли 1999 то 2000 ба ҳайси Сардори шуъбаи бақайдгирии шартномаҳои гаравии Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз соли 2000 то 2001 ба ҳайси Сардори шуъбаи пешбурди Феҳрасти амволи ба гарав мондашудаи Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз соли 2001 то 2009 ба ҳайси Сардори Раёсат оид ба сабти давлатии шартномаҳои гарави Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз соли 2009 то 2016 ба ҳайси Сардори Раёсати ёрии ҳуқуқӣ ба шаҳрвандон ва кори ҳуқуқии Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон. Аз июни соли 2016 то инҷониб ба ҳайси Сардори Раёсати кадрҳо ва корҳои махсуси Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият намуда истодааст.

Дар тули фаъолияти меҳнатиаш бинобар натиҷаи хубу нишондодҳои беҳтарин бо рутбаи дараҷавии «Мушовири давлатии адлияи дараҷаи 3», медали ҷашнии «90 солагии адлия»- и Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ифтихорномаҳои Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон сарфароз гардонида шудааст.

Оиладор мебошад.

 

Ҳакимов Асадулло Қурбонович - Сардори Раёсати робитаҳои байналмилаии ҳуқуқии Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

27 майи соли 1983 дар шаҳри Душанбе таввалуд шудааст.

Миллаташ тоҷик, маълумоти олӣ.

Донишгоҳи давлатии миллии Тоҷикистонро бо ихтисоси ҳуқуқшиноси байналмилалӣ хатм намудааст.

Аз соли 2006 инҷониб  дар Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон кор ва фаъолият менамояд, оиладор соҳиби 3 фарзанд.

 

 

 

Ғаюрзода Шуҳратулло Кароматулло - Сардори Раёсати баҳисобгирӣ ва бақайдгирии давлатии санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ

Ғаюрзода Шуҳратулло Кароматулло – 17 марти соли 1972 дар ноҳияи Рўдакӣ ба дунё омадааст.

Маълумот олӣ, соли 1994 факултаи банақшагирии иқтисодии Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи В.И. Ленин ва соли 2003 факултаи ҳуқуқшиносии Донишгоҳи давлатии миллии Тоҷикистонро хатм намудааст.

Аз солҳои 1994 фаъолияти меҳнатии хешро оғоз намудааст. Бо Фармоиши Вазири адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз солҳои 2000 бо дар вазифаҳои гуногуни Вазорати адлия фаъолияти меҳнатӣ намуда истодааст.

Солҳои 2000 то 2001 ба ҳайси машваратчии Раёсати бақайдгирии шартномаҳои гаравӣ, солҳои 2001 то 2003 мутахассиси пешбари Раёсати сабти давлатии шартномаҳои гаравӣ, солҳои 2003 то 2007 Сардори шуъбаи Раёсати сабти давлатии шартномаҳои гаравӣ, солҳои 2007 то 2011 сармутахассиси шуъбаи сабти давлатии уҳдадориҳои гаравӣ, солҳои 2011 то 2012 Сардори шуъбаи сабти давлатии уҳдадориҳои гаравӣ, солҳои 2012 то 2016 Мудири бахши бақайдгирии давлатии уҳдадориҳои гаравӣ фаъолият намуда истодааст.

Аз 1 июни соли 2016 то инҷониб ҳамчун Сардори Раёсати баҳисобгирӣ ва бақайдгирии давлатии санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ фаъолият намуда истодааст.

Бинобар натиҷаи хуби фаъолияти меҳнатиаш бо рутбаи дараҷавии «Мушовири адлияи дараҷаи 1», медали ҷашнии «90 – солагии адлияи Тоҷикистон» сарфароз гардонида шудааст.

Оиладор, соҳиби 5 фарзанд мебошад.

 

 

Каримова Рано Бобоевна - Сардори Раёсати Бақайдгирии Давлатии Ташкилотҳои Ҷамъиятӣ ва Ҳизбҳои Сиёсии Вазорати Адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон

21-уми марти соли 1963 дар шаҳри Кӯлоб таваллуд шудааст. Милаташ тоҷик, маълумоташ олӣ, Донишгохи давлатии миллии Тоҷикистонро бо ихтиссоси ҳуқуқшинос хатм кардааст.

Аз соли 1990 то соли 2012 дар вазифаҳои гуногуни хизмати давлатӣ фаъолият намудааст. Аз феврали 2012 то инҷониб роҳбари Сардори Раёсати бақайдгирии давлатии ташкилотҳои ҷамъиятӣ ва ҳизбхои сиёсиро ба ӯҳда дорад, дорандаи ордени Шараф.

Оиладор, соҳиби чор фарзанд.

 

 

 

Қодирӣ Неъмат Туйчибой - Сардори Маркази ҷумҳуриявии экспертизаи судӣ ва криминалистии назди Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон

Қодирӣ Неъмат Туйчибой - 18 июли соли 1978 дар шаҳри Душанбе таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олии ҳуқуқшиносӣ, соли 2001 Донишгоҳи Давлатии Тоҷикистонро бо ихтисоси ҳуқуқшинос хатм кардааст. Аз соли 1999 то соли 2011 дар вазифаҳои гуногуни дастгоҳи марказии Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият намудааст. Аз моҳи июли соли 2011 ба ҳайси Сардори Раёсати кадрҳо ва корҳои махсуси Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият намудааст. Аз моҳи июни соли 2016 то инҷониб ба ҳайси Сардори Маркази ҷумҳуриявии экспертизаи судӣ ва криминалистии назди Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият намуда истодааст.

Оиладор, соҳиби чор фарзанд.

© 2017 | Вазорати Адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон
Суроға: Ҷумҳурии Тоҷикистон 734025, ш. Душанбе, хиёбони Рудакӣ 25
Тел: (+992 37) 221-44-05 (қабулгоҳ)
Факс: (+992 37) 221-80-66