(+992 37) 221-44-05 | info@minjust.tj

Сохтор

Сарраёсати қонунгузорӣ

Таърихи таъсисёбӣ ва фаъолияти Сарраёсати ќонунгузории Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд – Сарраёсати ќонунгузорӣ) ҳанўз аз даврони пайдоиши маќомоти адлияи Тоҷикистон оѓоз меёбад. Аз лаҳзаи таъсисёбии маќомоти адлияи Тоҷикистон то ба имрўз Сарраёсати ќонунгузорӣ ба сифати Шўъба, Раёсат ва сипас Сарраёсат арзи ҳастӣ намуда, дар ҳар як давра вазифаҳои ба зиммааш гузоштаро иҷро менамуд.

Имрўзҳо Сарраёсати ќонунгузорӣ яке аз сохторҳои мустаќил ва пешбарандаи дастгоҳи марказии Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шумор меравад.

Сарраёсати ќонунгузорӣ 20 воҳиди корӣ дошта, аз ду Раёсат ва як Шўъба иборат аст. Аз ҷумла:

- Раёсати таҳлил ва мутобиќсозии (ҳамоҳангсозии) ќонунгузорӣ;

- Раёсати ќонунгузории гражданӣ, иќтисодӣ ва иҷтимоӣ;

- Шўъбаи ќонунгузории конститутсионӣ, мудофиа ва бехатарӣ.

Сардори Раёсати таҳлил ва мутобиќсозии (ҳамоҳангсозии) ќонунгузории Сарраёсати ќонунгузорӣ дар як ваќт муовини Сардори Сарраёсати ќонунгузорӣ ба шумор меравад.

Дар фаъолияти худ Сарраёсати ќонунгузорӣ Конститутсияи (Сарќонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ќонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуќуќӣ», Низомномаи Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Низомномаи Сарраёсати ќонунгузорӣ ва дигар санадҳои меъёрии ҳуќуќиро ба роҳбарӣ гирифта, функсия ва вазифаҳои Вазорати адлияро дар таъмини сиёсати давлатӣ дар соҳаи меъёрэҷодкунӣ ва татбиќи санадҳои меъёрии ҳуќуќӣ таъмин менамояд.

Чунончи, Сарраёсати ќонунгузорӣ дар фаъолияти худ баҳри таъмини фаъолияти ҳуќуќэҷодкунии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ба Вазорати адлия вогузор гардидаанд, тавассути таҳияи лоиҳаҳои санадҳои меъёрии ҳуќуќӣ иштирок намуда, бо супориши Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бо ташаббуси худ лоиҳаҳои ќонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, фармонҳо ва амрҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ќарорҳо ва фармоишҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро таҳия менамояд ва тибќи тартиби муќарраршуда барои баррасӣ пешниҳод мекунад.

Сарраёсат дар доираи салоҳиятҳои худ санҷиши ҳуќуќии лоиҳаҳои ќонунҳо ва дигар санадҳои меъёрии ҳуќуќиро анҷом медиҳад ва оид ба мутобиќати онҳо ба Конститутсия, ќонунҳо, дигар санадҳои меъёрии ҳуќуќии Ҷумҳурии Тоҷикистон, санадҳои ҳуќуќии байналмилалие, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон онҳоро эътироф кардааст, инчунин техникаи меъёрэҷодкунӣ хулосаи ҳуќуќӣ медиҳад.

Дар сурати боташаббуси аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия ва пешниҳодгар дидани лоиҳаҳои ќонунҳо, ки бо супориши Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Вазорати адлия пешниҳод мегарданд, мавриди омўзиш ва санҷиши ҳуќуќӣ ќарор дода, лоиҳаи хулосаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро таҳия ва ба баррасии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод менамояд.

Инчунин, дар сурати аз ҷониби дигар субъектони меъёрэҷодкунӣ пешниҳод гардидани лоиҳаҳои санадҳои меъёрии ҳуќуќӣ Сарраёсати ќонунгузорӣ онҳоро мавриди омўзиш, таҳлил ва баррасӣ ќарор дода, нисбат ба онҳо хулосаи ҳуќуќӣ медиҳад. Ба маќомоти давлатие, ки лоиҳаҳои ќонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, фармонҳо ва амрҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ќарорҳо ва фармоишҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро таҳия месозанд, ёрии методӣ мерасонад.

Кормандони Сарраёсати ќонунгузорӣ дар гурўҳҳои кори ҳукуматӣ ва байниидоравӣ оид ба таҳияи кодексҳо, ќонунҳо ва дигар санадҳои меъёрии ҳуќуќӣ иштирок намуда, таклифу пешниҳодоти мушаххасро баҳри такмилдиҳии онҳо пешниҳод менамоянд. Инчунин, иштироки кормандони Сарраёсат дар конфронс, семинар, симпозиум ва дигар чорабиниҳои сатҳи байналмилалӣ ва дохили ҷумҳурӣ назаррасбуда, доир ба масоили дар онҳо муҳокимашуда фикру мулоҳизаҳои ҷолибро пешниҳод менамоянд.

Раёсати робитаҳои байналмилалии ҳуқуқӣ

Раёсати робитаҳои байналмилалии ҳуқуқии Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон сохтори дастгоҳи марказии Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Раёсати робитаҳои байналмилалии ҳуқуқӣ дар асоси Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳои конститутсионӣ ва қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Низомномаи Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарорҳои колеггияи Вазорати адлияи ва фармоишҳои Вазири адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба роҳ мемонад.

Сохтори Раёсати робитаҳои байналмилалии ҳуқуқӣ

  • Шўъбаи шартномаҳои байналмилалӣ ва риояи вазъи ҳуқуқи инсон.
  • Шўъбаи таъминоти ҳуқуқии лоиҳаҳои байналмилалии сармоягузорӣ.
  • Шўбаи ҳуқуқи кудак ва адлияи ноболиғон.
  • Шўбаи таъминоти ҳуқуқии ҳамкориҳои байналмилалӣ ва иштироки Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ташкилотҳои байналмилалӣ.

Раёсат дар доираи ваколатҳои худ чунин вазифаҳоро иҷро мекунад:

  • Таҳлили ҳуқуқии лоиҳаҳои созишномаҳо ва дигар санадҳои байналмилалиро оид ба мутобиқати онҳо ба Конститутсия, қонунҳо, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқиро, ки аз субъектҳои гуногуни ҳуқуқэљодкунанда бармеояд, мегузаронад ва хулосаи ҳуқуқӣ пешниҳод менамояд.
  • Дар доираи ваколатҳои худ дар ҳамбастагӣ бо мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва ташкилотҳои байналмилалӣ фаъолиятро дар таъмини ёрии ҳуқуқӣ ва ҳамкориҳо ҳамоҳанг месозад.
  • Таҳлили ҳуқуқӣ-муқоисавии санадҳои меъёрии ҳуқуқиро барои таҳияи санадҳои нави байналмилалии ҳуқуқӣ мегузаронад.
  • Бо супориши Ҳукумат ва роҳбарияти Вазорат дар комиссияҳо, гурӯҳҳои корӣ, конфронсҳои илмӣ, семинарҳо, љаласа оид ба масъалаҳое, ки элементи ҳуқуқи байналмилалиро дарбар мегиранд, иштирок менамояд. 
  • дар доираи ваколатҳои худ бо мақомоти адлияи давлатҳои иштирокчии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил Иттиҳоди иқтисодии Евразия, Созмони ҳамкории Шанхай ва дигар ташкилотҳои байналмилалии минтақавӣ, аз ҷумла мақомоти адлияи дигар давлатҳои хориҷӣ ҳамкорӣ мекунад;
  • дар доираи ваколатҳои худ оид ба  ҳамоҳангсозии  корбарӣ,  ёрии ҳуқуқӣ  ва  ҳамкорӣ бо  мақомоти  ҳуқуқии  давлатҳои хориҷии дахлдор, инчунин бо мақомоти  байналмилалии  ҳуқуқӣ  шартномаҳо  ё  созишномаҳо мебандад
  • нисбат  ба  лоиҳаҳои  байналмилалии  сармоягузорӣ,  ки  яке  аз тарафҳои  он  Ҷумҳурии  Тоҷикистон  баромад  мекунад,  санҷиши  ҳуқуқӣ мегузаронад;
  • нисбат  ба  шартномаҳои қарзие,  ки аз номи Ҷумҳурии Тоҷикистои баста мешаванд, хулосаи ҳуқуқӣ пешниҳод менамояд;
  • Нисбат ба лоиҳаҳои созишномаҳои байнидавлатӣ, байни ҳукуматӣ ва байниидоравӣ хулосаҳои ҳуқуқӣ пешниҳод менамояд.
  • дар   доираи   ваколатҳои  худ  дар  таъмини  иҷрои  ваколатҳои байналмилалие,  ки Ҷумҳурии  Тоҷикистон  оид  ба  ҳуқуқи  инсон  қабул кардааст, ширкат меварзад;
  • дар таҳияи санадҳои байналмилалии ҳуқуқии  Ҷумҳурии  Тоҷикистон ширкат меварзад;
  • санҷиши  ҳуқуқии  лоиҳаҳои  санадҳои   байналмилалии   ҳуқуқиро мегузаронад;
  • иштироки  ҳуқуқии   Ҷумҳурии   Тоҷикистонро   дар   ташкилотҳои байналмилалӣ таъмин менамояд;
  • нисбат ба гузаронидани расмиёти дохилидавлатӣ, ки барои эътибор пайдо  намудани  шартномаҳои  байналмилалӣ  зарур аст,  хулосаи ҳуқуқӣ пешниҳод менамояд;

Раёсати баҳисобгирӣ ва бақайдгирии давлатии санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ

Вазифаҳо, ваколатҳо ва ҳуқуқҳо

Раёсат дар  соҳаи муқарраргардидаи фаъолият вазифаи баҳисобгирӣ ва бақайдгирии давлатии санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистонро анҷом медиҳад.

Мутобиқи   вазифаҳои   ба   зиммааш   вогузошташуда, ваколатҳои зеринро ба амал мебарорад:

- мутобиқати санадҳои меъёрии ҳуқуқии хусусияти умумиҳатмӣ доштаи вазоратҳо, кумитаҳои давлатӣ, дигар мақомоти давлатӣ, мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳотро ба санадҳои қонунгузорӣ фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва қрорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон месанҷад ва бақайдгирии давлатии онҳоро амалӣ мекунад;

- Феҳристи ягонаи давлатии санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистонро пеш мебарад;

- санадҳои қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, санадҳои меъёрии ҳуқуқии умумиҳатмии вазоратҳо, кумитаҳои давлатӣ, дигар мақомоти давлатӣ, санадҳои меъёрии ҳуқуқии мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот, санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Тоҷикистонро ба ҳисоб мегирад;

- нусхаҳои назоратии қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарори якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, санадҳои меъёрии ҳуқуқии вазоратҳо, кумитаҳои давлатӣ, дигар мақомоти давлатӣ, мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Тоҷикистонро маҳфуз медорад;

- Таснифи ягонаи умумиҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистонро пеш мебарад;

- назорати фаъолияти ҳуқуқэҷодкунии вазоратҳо, кумитаҳои давлатӣ, дигар мақомоти давлатӣ, мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳотро ҳангоми амалӣ намудани фаъолияти мунтазами онҳо, анҷом медиҳад;

- мундариҷаи Маҷмӯи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистонро тартиб дода, санадҳои меъёрии ҳуқуқии ба он дохилшавандаро барои нашр омода менамояд;

- санадҳои меъёрии ҳуқуқии ба Феҳристи ягонаи давлатии санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон дохилшударо барои чопи минбаъдаи онҳо дар маҷаллаи Феҳристи ягонаи давлатии санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон омода месозад;

- маводҳои ҳуқуқӣ, мақолаҳои олимон ва дигар мутахассисони соҳаҳои ҳуқуқро ҷамъоварӣ намуда, онҳоро барои чоп дар маҷаллаи назариявӣ ва сиёсию ҳуќуќии “Ҳаёт ва Қонун” тайёр мекунад;

- таҳлили санадҳои меъёрии ҳуқуқиро дар самти фаъолияти Раёсат анҷом медиҳад;

- лоиҳаҳои санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳаи фаъолияти Раёсатро таҳия намуда, бо супориши роҳбарият дар омода намудани лоиҳаҳои дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ низ иштирок мекунад.

Раёсат барои татбиқи вазифаҳо ва ваколатҳли дар соҳаи муқарраргардидаи фаъолият ҳуқуқ дорад:

- вазъи  кори ҳуқуқӣ  ва  фаъолияти вазоратҳо, кумитаҳои  давлатӣ,  дигар мақомоти давлатӣ, мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳотро оид ба риояи тартиби муќарраркардашудаи  таҳия,  бақайдгирии  давлатӣ ва  нашри санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ тафтиш намояд ва  аз онҳо пешниҳод кардани санадҳои меъёрии ҳуқуқии хусусияти умумиҳатмидоштаро барои бақайдгирии давлатӣ ба Вазорат талаб карда, ба роҳбарони  мақомоти  мазкур  дар  бораи вайронкуниҳои санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ дар фаъолияти хадамоти ҳуқуқӣ пешниҳодот манзур намояд;

- бо тартиби муқарраршуда аз Феҳристи ягонаи давлатии санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон санадҳои меъёрии ҳуқуқии хусусияти умумиҳатмидоштаи вазоратҳо, кумитаҳои давлатӣ, дигар мақомоти давлатӣ, мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳотро, ки ба қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон мухолифат мекунанд, хориҷ намояд;

- оид ба такмили минбаъда ва  рушди фаъолияти Раёсат пешниҳодот манзур намояд;

- Раёсат дигар ҳуқуқҳои бо  қонунгузории  Ҷумҳурии Тоҷикистон  пешбинишударо доро мебошад.

Раёсати ёрии ҳуқуқӣ ба шаҳрвандон ва корҳои ҳуқуқӣ

Бо қарори Кумитаи Иҷроияи Марказӣ ва Шӯрои комиссарони халқи ҶШС Тоҷикистон аз 22 ноябри соли 1937, № 154/734 дар сохтори марказии идоракунии Комиссариати халқии адлия «Бахши ҳимояи судӣ ва ёрии ҳуқуқӣ ба аҳолӣ» таъсис дода шуд, ки минбаъд фаъолияти худро бевосита ба танзими масъалаҳои ёрии ҳуқуқӣ ба аҳолӣ, шарҳи мундариҷаи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии аҳолӣ равона намуд.

Баъдтар ин бахш ба шӯъбаи таблиғоти ҳуқуқӣ ва ёрии ҳуқуқӣ ба аҳолӣ табдил дода шуд. Минбаъд бо қарори собиқ Совети Вазирони РСС Тоҷикистон аз 25 июли соли 1988, № 201 «Дар бораи схемаи идоракунии Вазорати адлияи РСС Тоҷикистон» дар сохтори Вазорати адлия Шӯъбаи корҳои ҳуқуқӣ дар хоҷагии халқ ва тарғиботи ҳуқуқӣ таъсис дода шудааст, ки он 31 январи соли 1995 бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти №128 «Дар бораи тасдиқ намудани сохтори Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба Управленияи ёрии ҳуқуқӣ ба шаҳрвандон ва кори ҳуқуқӣ табдил дода шуд.

Раёсати ёрии ҳуқуқӣ ба шаҳрвандон ва корҳои ҳуқуқӣ, ки айни замон амал карда истодааст, дар сохтори Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 июли соли 1999, №270 «Дар бораи масъалаҳои Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон» таъсис дода шудааст.

Раёсати мазкур аз Шӯъбаҳои зерин иборат мебошад:

- Шӯъбаи тарғиботи ҳуқуқӣ ва тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон;

- Шӯъбаҳои нотариат ва САҲШ. (Сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ)

Мутобиқи Низомнома «Дар бораи Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон» Раёсат фаьолияти идораҳои нотариалии давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти сабти асноди ҳолати шаҳрвандиро роҳбарӣ менамояд ва роҳбарии умумии ёрии ҳуқуқӣ ба шаҳрвандон ва кори ҳуқуқӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистонро, ки ба таҳкими қонуният ва тартиботи ҳуқуқӣ, ҳифзи ҳуқуқ ва манфиатҳои қонунии шаҳрвандон, шахсони ҳуқуқӣ, ҳамчунин таьмини маьрифати баланди хизматрасонӣ ба аҳолӣ нигаронида шудааст, ба амал бароварда, вазифаҳои оид ба таьмини фаьолияти ин мақомотро иҷро менамояд. Инчунин, назоратро аз болои (довталабон) ҳуқуқшиносоне, ки барои ба амал баровардани фаъолияти адвокати ваколатдор иҷозатнома мегиранд, амалӣ менамояд.

Раёсати бақайдгирии давлатии ташкилотҳои ҷамъиятӣ ва ҳизбҳои сиёсӣ

Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳифзи хукуку озодихои инсон ва шаҳрванд, аз ҷумла ҳуқуҷ барои дохил шудан ба ҳизбҳои сиёсӣ ва ташкилотҳои ҷамъиятӣ, ҳуқуқи иштирок намудан дар ҳаёти сиёсӣ ва идоракунии давлат, истифода аз ҳуқуқи озодона сухан гуфтан ва муайян кардани муносибат ба дин хамчун асоси демократиякунонии хаёти ҷомеаро кафолат додааст.

Вазорати адлия ба сифати мақомоти марказии ҳокимияти иҷроияи Ҷумҳурии Тоҷикистон  ба ҳисоб рафта, дар асоси талаботи қонунгузорӣ ва Низомномаи худ бақайдгирии ҳизбҳои сиёсӣ ва иттиҳодияҳои ҷамъиятиро ба амал мебарорад.

Қонуни асосии танзимкунандаи тартиби таъсис ва фаъолияти ҳизбҳои  сиёсӣ Қонуни Чумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳизбҳои сиёсӣ» мебошад.

Бақайдгирии давлатии иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ тибқи Сарқонун (Конститутсия)-и Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон   “Дар бораи иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ” ба танзи дароварда мешавад.

Яке аз вазифаҳои асосие, ки мувофиқи салоҳияти худ Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон  ба ҷо меорад, ин ба қайди давлатӣ гирифтани ҳизбҳои сиёсӣ ва ташкилотҳои ҷамъиятӣ, филиалҳо  ва  намояндагиҳои  ташкилотҳои  ҷамъиятии   Ҷумҳурии Тоҷикистон  ва аз қайди баҳисобгирӣ гузаронидани  филиалу  намояндагиҳои  ташкилотҳои  (ғайритиҷоратӣ ва ғайриҳукуматии) давлатҳои хориҷӣ мебошад. Дар баробари ин вазорат фаъолияти ҳизбҳои сиёсӣ ва ташкилотҳои ҷамъиятиро оид  ба  риоя намудани  ҳуҷҷатҳои  таъсисиашон назорат менамояд ва мавриди санҷиш қарор медиҳад. Дар сурати аз тарафи иттиҳодияи xамъиятӣ содир карда шудани амалиётҳое, ки аз доираи мақсад ва вазифаҳои муайянкардаи Оиннома берунанд ва ё аз тарафи онҳо вайрон карда шудани талаботи қонун, онҳоро тариқи  хаттӣ огоҳ мекунад,  дар бораи боздоштани фаъолияти иттиҳодияи ҷамъиятӣ ё барҳам додани он ба суд пешниҳод манзур менамояд.

Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон  иттиҳодияҳои ҷамъиятии байналхалкӣ, ҷумҳуриявӣ ва маҳаллиеро, ки дар ҳудуди ш.Душанбе ва ноҳияҳои тобеи марказ фаъолият мекунанд,  ба қайди давлатӣ мегирад.

Бақайдгирии давлатии иттиҳодияҳои ҷамъиятии маҳаллӣ аз тарафи Раёсатҳои адлияи мақомотҳои маҳаллии ҳокимияти давлатии ВМКБ ва дигар вилоятҳои xумҳурӣ низ ба амал бароварда мешавад.

Дар вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ то 1 январи соли 2015, 8 ҳизби сиёсӣ ва 2 800 иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ сабти ном гаштаанд.

Раёсати ташкили фаъолияти иҷрочиёни суд

Раёсати ташкили фаъолияти иҷрочиёни суд

Раёсати ташкили фаъолияти иҷрочиёни суд (минбаъд Раёсат) дар заминаи 8 басти корӣ таъсис дода шудааст ва онро Сардори Раёсат роҳбари менамояд. Сохтори Раёсат ба бахшҳои зерин ҷудо карда шудааст:

Бахши ташкили фаъолияти иҷрочиёни судҳои умумӣ;

Бахши ташкили фаъолияти иҷрочиёни судҳои ҳарбӣ;

Бахши ташкили фаъолияти иҷрочиёни судҳои иқтисодӣ;

Роҳбарии бахшҳо ба зиммаи мудирон вогузор гардидааст, ки бевосита дар тобеияти Сардори Раёсат мебошанд. Инчунин, ба бахши ташкили фаъолияти иҷрочиёни судҳои умумӣ як сармутахассис ва як мутахассис, ба бахши ташкили фаъолияти иҷрочиёни судҳои ҳарбӣ як мутахассиси пешбар ва ба бахши ташкили фаъолияти иҷрочиёни судҳои иқтисодӣ як сармутахассис вобаст карда шудааст.

Раёсат дар асоси Низомнома, ки аз ҷониби Вазири адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 10 декабри  соли 2008, таҳти № 113«А» тасдиқ карда шудааст, фаъолият менамояд.

Раёсат фаъолияти иҷрочиёни судҳоро, вобаста ба таъмини иҷрои маҷбурии санадҳои судӣ ва санадҳои дигар мақомот санҷида, ба онҳо ёрии методӣ ва амалӣ расонида, таҷрибаи кори иҷрочиёни судро ҷамъбаст менамояд, бо мақсади фаъолияти минбаъдаи иҷрочиён дастурҳои заруриро таҳия менамояд, фаъолияти Раёсатҳои адлияи вилоятҳоро оид ба масъалаҳои фаъолияти иҷрочиёни суд ҷамъбаст ва хулосабарори менамояд, таъминоти модди-техникии идораҳои иҷрочиёни судро меомӯзад ва пешниҳодҳои дахлдор омада менамояд.

Фаъолияти иҷрочиёни суд тибқи талаботи Сарқонуни (Конститутсияи) Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи истеҳсолоти иҷро», Дастурамал «Оид ба ташкили кор, коргузорӣ таъминоти моддию техникии фаъолияти иҷрочиёни суд» ва санадҳои меъёрӣ  ҳуқуқии байналмилалӣ ба монанди Конвенсияи Минск аз 22 январи соли 1993 дар бораи расонидани ёрии ҳуқуқӣ ва муносибатҳои ҳуқуқӣ ба корҳои гражданӣ, оилавӣ ва ҷиноятӣ, Конвенсияи Кишинев аз 7 октябри соли 2002 дар бораи расонидани ёрии ҳуқуқӣ ва муносибатҳои ҳуқуқӣ ба корҳои гражданӣ, оилавӣ ва ҷиноятӣ, ки аз ҷониби Ҷумҳурии Тоҷикистон эътироф гардидаанд, ба танзим дароварда мешавад.

Мувофиқи муқаррароти Қонуни мазкур вазифаҳои истеҳсолоти иҷро ин иҷрои ҳатмӣ ва саривақтии маҷбурии санадҳои судӣ оид ба баҳсҳои гражданӣ ва иқтисодӣ, ҳукм ва қарорҳои вобаста ба парвандаҳои ҷиноятӣ дар қисми даъвои гражданӣ, ситонидани ҷарима ва мусодираи молу мулк ва иҷро намудани санадҳои дигар мақомот мебошанд.

Дар асоси талаботи қисми 2 моддаи 3 ҳамин Қонун истеҳсолоти иҷро оид ба ситонидани қарзҳои андоз ва дигар пардохтҳои ҳатмӣ ба буҷет, рӯёнидани ноустуворона оид ба сари вақт насупоридани ҷарима ва дигар муҷозот барои вайрон кардани қонунгузори дар бораи андоз ва дигар пардохтҳои ҳатмӣ ба буҷет бо тартиби муқаррарнамудаи Қонуни мазкур ва мувофиқи қонунгузории андозу гумрук ба амал бароварда мешавад.

Инчунин, мувофиқи моддаи 4 Қонуни зикргардида,  иҷрои санадҳои судие, ки қарздорро барои содир намудани амалҳои муайян ( худдорӣ намудан аз содир намудани амалҳои муайян ӯҳдадор менамояд, аз ҷониби судҳо бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории мурофиавии гражданӣ, мурофиавии иқтисодӣ ва Қонуни мазкур амалӣ карда мешавад. Тартиби иҷрои ин намуд санадҳои судӣ бо моддаҳои 77, 78 ва 79 ҳамин Қонун муайян гардидааст.

 

 

 

Раёсати кадрҳо ва корҳои махсус

Раёсати кадрҳо ва корҳои махсус вазифаи марказиидоракунии кадрҳои  (ҳайати) Вазорати адлияро,  ки мақсади асосии он мусоидат ба ташкили фаъолияти самаранок,

таъмини кафолатҳои пешбининамудаи қонунгузорӣ,  ба роҳмонии болоравии касбӣ ва таъмини иҷтимоӣ ва ҳуқуқии ҳар як корманди вазорат мебошад, иҷро менамояд.

Раёсати кадрҳо ва корҳои махсус барои таъмини иҷрои вазифаҳои зерин ваколатдор мебошад:

- таъмини гардиши ҳуҷҷатҳои воридотӣ ва содиротии кадрӣ;

- таҳияи ҳуҷҷатҳо оид ба таъин ва озод намудани кормандони мақоми давлатӣ,  пеш бурду нигоҳдории  делоҳои шахсӣ ва дафтарчаҳои меҳнатии кормандон;

- таҳияи лоиҳаи  бастикорӣ,  ҷадвали рухсатиҳои меҳнатӣ ва ба расмият даровардани сафарҳои хизматӣ;

- ба қайдгирии варақаҳои корношоямии хизматчиёни давлатӣ ва ҳайати хизматрасон;

- назорати риояи тартибу интизоми меҳнатӣ дар Вазорати адлия;

- ташкил ва дуруст истифоданамудани маҳорати касбии кадрии (ҳайати) мақоми давлатӣ бо назардошти дурнамои инкишофи он;

- риояи тартиби қабул ба  хизмати давлатӣ, бастани шартномаҳои (қарордодҳои) меҳнатии қабул ба хизмати давлатӣ;

- назорати риояи талаботи тахассусӣ ҳангоми қабул  ба  хизмати давлатӣ,  гузаронидан ба мансабҳои маъмурии хизмати давлатӣ дар доираи як категория;

- гузаронидани таҳлили мансабҳои холӣ дар мақоми давлатӣ;

- омода намудани маводи зарурӣ барои таъмини фаъолияти комиссияҳои аттестатсионӣ ва озмунӣ;

- ташкили озмунҳо барои ишғоли мансабҳои холи маъмурии хизмати давлатӣ;

- шиносонидани роҳбарони  воҳидҳои сохторӣ бо тартиби  таҳияи дастурамалҳои мансабии хизматчиёни давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон;

- назорати риояи тартиби баҳодиҳии фаъолияти хизматчиёни давлатӣ дар мақомоти давлатӣ;

- ба роҳ монии раванди баҳодиҳӣ ба фаъолияти хизматчии давлатӣ;

- доир намудани аттестатсияи хизматчиёни давлатӣ,  таҳлили натиҷаҳои таҳияи пешниҳодҳо оид ба ҷойивазкунии (ротатсияи)  самаранок дар мансабҳо ва

баланд бардоштани дараҷаи тахассусӣ;

- таҳияи мавод оид ба додани рутбаҳои тахассусӣ  ба  хизматчиёни давлатӣ;

- ташкили захираи кадрҳо ва корбо онҳо;

- ташкили тайёркунии касбӣ,  аз навтайёркунӣ, такмили ихтисос ва таҷрибаомӯзии хизматчиёни давлатӣ;

- мусоидат  ба  фаъолияти  комиссияҳои танзимкунандаи масъалаҳои кадрии хизмати давлатӣ;

- ташкил ва назорати  пешниҳоди маълумот дар бораи даромад ва вазъи амволи хизматчии давлатӣ;

- риояи   Феҳристи мансабҳои давлатии Ҷумҳурии  Тоҷикистон ва пешбурди  Феҳрист ихизматчиёни давлатии Ҷумҳурии   Тоҷикистон   дар мақомоти давлатӣ;

- таҳлили вазъи таъминоти кадрӣ;

- назорати риояи талаботи синниниҳоӣ дар хизмати давлатӣ будан;

- таъмини фаъолияти ҳайати  техникӣ ва хизматрасони мақомидавлатӣ;

- гузаронидани мониторинги  ҳолати  кадрҳои хизмати давлатӣ ва ба нақшагирии талабот  ба  кадрҳо,  пешбарии истифодаи  технологияҳои муосир ва

манбаъҳои таълиму тарбияи кадрҳо дар мақоми давлатӣ ва берун аз он;

- татбиқи чораҳо оид ба сари вақт ҷавонгардонии ҳайати кормандони мақомоти давлатӣ;

- банақшагирии чорабиниҳо   оид   ба мутобиқгардонии касбии кормандони нав ба кор қабулшуда, махсусан ҷавонон;

- мониторинги  сабабҳои аз корравии  кадрҳо, ҷараёни  тағйирёбии сифатии ҳайати коллектив;

- сари вақт (якҷоя бо хадамоти молиявию иқтисодӣ) таҳлил намудани шаклҳои самараноки амалкунандаи ҳавасманд гардонии моддию маънавии

хизматчиёни давлатӣ,  пешниҳоди тавсияҳо  оид  ба баланд  бардоштани фаъолияти касбии хизматчиёни давлатӣ;

- ба ҳисобгирии ҳайати шахсӣ ва  пешниҳоди ҳисобот,   пешбурди маҳзани иттилоотӣ оид  ба  захираи  кадрҳо  ва ҷорӣ намудани шаклҳои муосири идоракунӣ;

- таҳияи  пешниҳодҳо  оид  ба  ҳифзи иҷтимоӣ,  моддӣ ва ҳуқуқии кормандони мақомоти адлия  дар  мавридҳои ихтисоршавӣ,   тағйироти ташкилӣ, штатӣ ва сохторӣ;

- гузаронидани санҷиши фаъолияти воҳидҳои сохтории мақоми давлатӣ оид ба риояи қонунгузорӣ дар соҳаи хизмати давлатӣ;

- гузаронидани  санҷиши маълумоти пешниҳод намудаи шаҳрвандон ҳангоми таъин намудан ба мансаби давлатии хизмати давлатӣ;

- таҳлили ҳайати кадрӣ,  сари вақт пешниҳод намудани ҳисобот  (на камтар  аз  ду маротиба  дар  як  сол)  оид ба вазъи кор бо кадрҳо ба роҳбари мақоми давлатӣ;

- андешидани чораҳо  барои таъмини саривақтии омода намудан ва супоридани ҳуҷҷатҳо ба бойгонӣ;

- иҷрои дигар ӯҳдадориҳои хадамоти кадрӣ,  ки бо санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар карда шудаанд.

 

Раёсати молия ва хоҷагӣ

Саҳифа дар марҳилаи тайершавӣ мебошад

Шӯъбаи умумӣ ва назорати иҷро

Саҳифа дар марҳилаи тайёршавӣ аст

Бахши бақайдгирии давлатии ӯҳдадориҳои гаравӣ

Бахши бақайдгирии давлатии уҳдадориҳои гаравӣ воҳиди сохтории Вазорати адлияи   Ҷумхурии Тоҷикистон мебошад, ки барои бақайдгирии расмии уҳдадориҳои гаравӣ ва консессионӣ махсус гардонида шудааст.

Мувофиқи маълумоти Бахши бақайдгирии давлатии уҳдадориҳои гаравии Вазорати адлияи   Ҷумхурии Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ дар  соли 2014 шумораи аҳдҳои зерин ба қайд гирифта шудааст:

10 798 шартномаҳои ипотека;

62 гарави амволи манқул;

0 шартномаҳои консессионӣ.

Дар ин давраи ҳисоботӣ боҷи давлатӣ ба андозаи 433 384,0 сомонӣ рўёнида шуд.

© 2017 | Вазорати Адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон
Суроға: Ҷумҳурии Тоҷикистон 734025, ш. Душанбе, хиёбони Рудакӣ 25
Тел: (+992 37) 221-44-05 (қабулгоҳ)
Факс: (+992 37) 221-80-66